Сомонаи “Салом Амрико” барои ошноии беҳтари ҳамватанони мо бо Амрико ва кору зиндагӣ дар ин кишвар, роҳнамоӣ ба онҳое, ки тоза ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико кӯч мебанданд, муаррифии тоҷикони муваффақи Амрико ва муттаҳид намудани тоҷикони ин сарзамин таъсис ёфтааст.
Мо бо таҳияи видеоочеркҳо, хабару гузоришҳо, инчунин таблиғи муваффақиятҳои ҳамватанонамон кӯшиш мекунем, ки барои зудтар мутобиқ шудани тоҷикон ба зиндагӣ дар Амрико, шиносоии бештар бо қонунҳои он кишвар ва будубоши қонунии ҳамватанону рушди шахсиии онҳо ҳамаҷониба мусоидат намоем.
Сомонаи “Салом Амрико” ҷамъиятӣ буда, аз ҷониби ягон ҳукумат ё созмону ташкилоте маблағгузорӣ намешавад. Мо дар ин роҳ ба кӯмаки ҳамдигар такя мекунем.