Шаҳри Ашберн, Вирҷиния наздикии Вашингтон, дар ибтидо ҳамчун паноҳгоҳи амн барои оилаҳое, ки мехоҳанд фарзандони худро аз ташвиши пойтахт, роҳбандӣ ва пурғавғо калон кунанд, ҳисобида мешуд. Имрӯз Ашберн ба макони дорои консентратсияи баландтарини шабакаи оптикӣ дар ҷаҳон табдил ёфтааст.
"Шумо ҳайрон мешавед, ки чӣ қадар кабел дар замини мо зери хок шудааст" мегӯяд, Мудири Рушди Иқтисод, Буди Ризер. "Чун қоида, мо онро дар ду тарафи роҳ мегузорем ва ҳоло мо зери худи шоҳроҳ истифода мебарем."
70% трафики ҷаҳонии Интернет тавассути ин ҷой мегузарад. Ин аст, ки чаро Ашберн ҳамчун гулгашти маркази маълумот ё водии Силикон дар шарқи Иёлоти Муттаҳида маъруф аст. Қариб ҳар як почтаи электронии фиристода ва ё қабулшуда дар тамоми ҷаҳон бо ин инфрасохтор алоқаманд мебошад. Агар шумо ягон чизро дар Облакои электрунӣ нигоҳ доред, эҳтимол дорад, ки ин маълумот дар яке аз ин марказҳои коркарди маълумот ва нигоҳдорӣ ҷойгир аст.
"Маълум аст, ки номи Облако маънои онро дорад, ки маълумоти шумо дар ҷои дигаре нигоҳ дошта мешавад", - мегӯяд Ризер. "Ин ҷо округи Лаудони мост. Умуман, марказҳои мо масоҳати беш аз 1,5 километри мураббаъро фаро мегиранд ».
Ширкати Аол яке аз аввалинҳо буд, ки дар солҳои 90-ум ба Ашберн омада ба сохтани инфрасохтори энергетикӣ ва кабелӣ шурӯъ намуд. Каме дертар Лаудон кӯчид. Ин ширкат аз соли 1992 инҷониб хидматрасонии мубодилаи трафики интернетро пешниҳод мекунад.
"Рӯзе ду дӯст ҳангоми пивонӯшӣ қарор доданд ба ҳамдигар иҷозат медиҳанд, ки шабакаҳои ширкатҳои хурдро барои трафики муштарак истифода баранд", мегӯяд Ҷон Дэй, ноиби президенти Sabey Data Centers.
Бо мурури замон даҳҳо провайдерҳои дигари хурд низ ба онҳо пайравӣ карданд. Ҳар як иштирокчии шабакаи сохташаванда ҳиссаи худро дар рушди инфрасохтори имрӯза гузоштааст.
Баъдтар гигантҳоро ба монанди Google ва Amazon ба Вирҷинияро ҷалб карданд. Давлат кӯшиш кард, ки чунин корхонаҳоро бо нархи арзони замин, таъминоти арзони энергия ва дастрасӣ ба об таъмин намояд . Вирҷиния инчунин хонаи садҳо ҳазор мутахассисони баландихтисос ва ботаҷрибаи компютерӣ мебошад.
"Интернет воқеан аз ин нуқтаҳои мубодилаи шарики пурқувват иборат аст", - тавзеҳ медиҳад, Дэй. «Ин нуқтаҳо дар марказҳои мубодила ва нигоҳдории маълумот ҷойгиранд. Бе ин гуна марказҳо Интернет вуҷуд надорад. Мо мехоҳем, ки ҳамаи муштариёни мо, дар куҷое ки набошанд, битавонанд кори худро дар Интернет идома диҳанд. ”
“СА”