Хабари рӯз

 

Он чизе, ки барои як шахс партов метобад, шояд барои шахси дигар арзишнок бошад, хотиррасон мекунад Money Talks News.

Агар шумо хоҳиш доред, ки пули иловагӣ ба даст оред ё чӣ гуна партовҳоро аз байн бурданӣ ҳастед ва имкон ҳаст баъзеи онро бифурӯшед. Инҷо мо рӯихати партовҳои фоидаоварро ба хонандагонам пешниҳод менамоем.

 

  1. Қуттӣ ва маводи бастубандшаванда

Одатан дар шаҳрҳо бозори хуби маводи бастабандӣ истифодашуда мавҷуд аст. Онро асосан нафароне истифода мебаранд, ки молҳоро тавассути Интернет интиқол мефурӯшанд. Дар Facebook гурӯҳҳои Marketplace ва Craigslist маводи бастубанд ва қуттиҳоро бо нархи аз 15 то 25 доллар мефурӯшанд.

 

  1. Шишаҳои холии атр

Атри дӯстдоштаи шумо тамом шуд? Барои партофтани шиша шитоб накунед. Шишаҳои холӣ барои ороишоти гул дар тӯйҳо ё ба тариқи оддӣ истифода мешаванд. Шишаҳои беназири ранга ҳатто ба ҷавоҳирот дохил карда мешаванд. Харидорон ба ҷойи дорупошакҳо шишаҳоеро бо тарҳҳои аҷиб, тамғаҳои истисноӣ истифода мекунанд. Интизор бошед, ки 10-15 шиша ба Etsy бо нархи аз 15 то 20 доллар фурӯхта мешавад.

 

  1. Лулаҳои картонӣ

Бале, ба ҳама чиз талабот вуҷуд дорад. Найҳои картонӣ, дастмолҳои коғазӣ ва роллҳои коғази ташноб дар ҳама намудҳои ҳунарҳо истифода мешаванд. Беҳтараш онҳоро яклухт фурӯшед. Чанде қабл 100 найчаи дастмолии коғазӣ дар Ebay бо нархи 34,99 доллар (аз ҷумла интиқол) фурӯхта шуданд.

 

  1. Қисмҳои таҷҳизоти шикаста

Далели вайрон шудани дастгоҳ маънои онро надорад, ки комилан бефоида аст. Дар интернет ба қисмҳои истифодашуда талабот зиёд аст. Масалан, сабадҳои авқотпазак дар Ebay 10 доллар ва сарпӯшҳояш бошад тақрибан 5 доллар фурӯхта мешаванд. Қисмҳои таҷҳизотро ҷамъоварӣ карда бифурӯшед ва асбобҳои худро ба пуррагӣ напартоед.

 

  1. Пулт, сими барқ ​​ва батареяҳо

Азбаски технология босуръат пеш меравад, иваз кардани пултҳои телевизор, сими барқ ​​ва батареяҳои ноутбукро пайдо кардан душвор аст. Нахуст пеш аз партофтани телевизори сӯхтаи худ ё ноутбуки кӯҳна бисанҷед, ки оё ин лавозимотро дар интернет фурӯхтан мумкин аст.

Пултҳои истифодашудаи телевизион метавонанд аз 5 то 10 доллар нарх дошта бошанд ва батареяҳои ноутбук метавонанд аз 15 то 45 доллар арзиш дошта бошанд. Камтар партов ва пули бештар. Чӣ беҳтар буда метавонад?

 

  1. Сарпӯшҳои шишаи шароб

Эҷодкорони моҳир даҳҳо роҳҳои истифодаи дубораи сарпӯшҳоро ёфтанд. Сад ё зиёдтарро ҷамъ намуд бифурӯшед. Харидорон сарпӯшҳои табииро аз синтетикӣ авлотар медонанд. Ба қарибӣ дар Ebay дусад донаро бо нархи $ 21.99 фурӯхтанд.

 

  1. Катридҷи холӣ

Шумо аз хона кор мекунед? Эҳтимол шумо барои чопгари худ аз ҳарвақта бештар сиёҳӣ истифода мебаред. Ба ҷои партофтани катридҷҳои истифодашудаатон беҳтар бифурӯшед. Evolve Recycling катридҷҳои холиро мехарад. Тақрибан чор ё панҷ картридҷи истифодашуда ба  миқдори $ 25 фурӯхта мешавад, Шумо аз ин пайванд мефаҳмед, ки кадом катридҷҳо тавассути истинод қабул карда мешаванд.

 

  1. Батареяҳои мошинҳо

Дӯкони қисмҳои автомобилӣ, ба монанди AutoZone, ҳангоми додани батареяи нав ба батареяи кӯҳна аз 10 то 20 доллар пул пешниҳод мекунанд. Оё шумо дар гаражи худ батареяҳои кӯҳна доред? Барномаи  O'Reilly Auto Parts барои ҳар як батарея маблағи $ 10 пешниҳод мекунад. Азбаски батареяҳо дорои маводҳои заҳрнок аз қабили сурб, кадмий ва симоб мебошанд, коркарди онҳо як кори масъул ва сарфакорона мебошад.

 

  1. Халтаҳои коғазӣ

Ҷамоварандагони фанат барои халтаҳои коғазии истифодашуда аз мағозаҳои маъмул бештар пардохт хоҳанд кард. Дар Ebay, чаҳор халтаи коғазии Macy's бо нархи $ 19,99 ва ҳашт халтаи Starbucks-и солҳои 2014-19 бо нархи  $ 7.49 фурӯхта шуданд. Халтаҳои истисноӣ ба монанди Gucci ва Kate Spade маблағи бештареро касб мекунанд.

“СА”

 


Матолиби дигарро хонед

Галереяи аксҳо