Зиндонҳои ИМА бо норасоии шадиди кормандон рӯбарӯ гаштанд зеро шумораи зиёди афсарон бар асари COVID-19 аз кор ронда мешаванд. Пандемия ва таъсири он ба бозори меҳнат боиси бӯҳрон дар бисёре аз зиндонҳои Амрико шудааст. Корманди яке аз чунин зиндонҳо ба Палатаи намояндагони Конгресси Ҷорҷия гуфт, ки то чӣ андоза шароити кор "даҳшатнок" шудааст.
Пеш аз пандемия, ҳафт афсар тақрибан 1,200 маҳбусро назорат мекарданд, гуфт ӯ. Ба карибй ба у таъин карданд, ки 400 нафар маҳбусро мустакилона нигохубин кунад. Барои расондани ёрии тиббй хамширахои шафкат намерасанд. Ин афсар, ки аз тарси интиқом аз роҳбаронаш номашро нагуфтааст, "ҳама кормандон корро дар маҳбас бас мекунанд".
Бино ба гузориши шабакаи телевизионии ABC News, нарасидани кадрҳо муддати тӯлонӣ мушкили шӯъбаҳои зиндонҳои Амрико буд, зеро маоши кам ва кори сангин аст. Аммо пандемия боиси бӯҳрон дар бисёре аз зиндонҳо шудааст. Офицерон ба истеъфо мераванд ва ба таври оммавй аз кор озод карда мешаванд. Дар баъзе маҳбасҳо шумораи маҳбусон афзоиш ёфт, ки ин мушкилро шадидтар мекунад.
Профессори Донишгоҳи Мичиган, Бетси Стивенсон гуфт, онҳое, ки дар зиндон кор мекунанд, хатари гирифтор шудан ба коронавирус бештар аст. "Вақте ки кор хатарноктар мешавад, ҷалби кормандон мушкилтар мешавад", - гуфт коршинос.
Иттифоқҳое, ки масъулони зиндонҳои чанд иёлот, аз ҷумла Массачусетс ва Калифорнияро намояндагӣ мекунанд, мегӯянд, ки эмгузаронии ҳатмӣ вазъро бадтар мекунад.
Брайан Доу, директори миллии One Voice United, як созмони ғайритиҷоратӣ, ки афсарони ислоҳиро дастгирӣ мекунад, гуфт: "Даҳҳо сабаб барои рафтан ва хеле кам сабабҳои мондан вуҷуд доранд".
Баъзе зиндонҳои Ҷорҷия тақрибан 70 дарсади кормандон фаъолият намекунанд. Дар Техас посбонон дар як шабонарӯз 16 соат кор мекунанд. Флорида бо сабаби нарасидани кормандон се маҳбасхонаро муваққатан бастааст.
Баъзе маҳбусон шикоят мекунанд, ки наметавонанд дар дарсҳо иштирок намоянд ва дар ҷаласаҳои терапияи гурӯҳӣ, машқ ё оббозӣ иштирок кунанд.
Бино ба навиштаи хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, корфармоёни амрикоӣ дар ин моҳи ахир аз ширкатҳои сохтмонӣ то тарабхонаҳо барои ҷалб ва нигоҳ доштани коргарон мубориза бурданд. Тибқи рақамҳои нави Бюрои омори меҳнати ИМА, тақрибан се дарсади коргарони амрикоӣ ё 4,3 миллион нафар дар моҳи августи соли 2021 аз кор рафтанд.
"СА"