Хабари рӯз

 

Ба гуфтаи Хадамоти марзӣ, дар соли ҷорӣ як миллиону 700 ҳазор паноҳҷӯ боздошт шудаанд. Дар воқеъ ин рақам болотар аст. Теъдоди кушташудагон ҳангоми убури ғайриқонунӣ ба ИМА беш аз 1500 нафар мебошад. Ин рақам ду баробар зиёд аз соли қаблӣ ба ҳисоб меравад.
Пас аз тахлифи Ҷо Байден корвонҳои паноҳҷӯён роҳии марзи Мекзику Амрико шуданд. Ӯ саховатмандона имтиёзотеро эълон кард, ки дар воқеъ ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ иҷозат медиҳад дар Иёлоти Муттаҳида қонунӣ шаванд. Ин ваъдаҳои интихоботӣ боис шуд, ки Байден раъйи бештареро ба даст оварад. Акнун ба қавле "Хар аз об гузашт" ягон қонуни сабуккунанда барои паноҳҷӯён вуҷуд надорад.
Дар маҷмӯъ, тибқи гузориши Созмони Миллал теъдоди паноҳҷӯён, оворагон ва паноҳандагон дар ҷаҳон аз марзи 84 миллион нафар фаротар рафтааст.
"СА"

Матолиби дигарро хонед

Галереяи аксҳо