Дар ҳоле, ки таваҷҷуҳи расонаҳои ҷаҳон ба марзи Беларусу Полша нигаронида шудааст, вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ ба Амрико идома дорад.
Корвони нави гурезаҳо сафарашонро ба сарҳади Амрико оғоз кардаанд, ки онҳо тақрибан 2 ҳазор нафар ҳастанд. (Ин дар ҷануби иёлати Веракруси Мексика аст).
Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия, Мария Захарова аз шарикони амрикоии худ даъват намуд, ки ба ҳодисаҳои сарҳади худ бо Мексика таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунанд. Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида бояд аввал хатоҳои худро таҳлил намояд ва баъдан ба дигарон роҳ нишон диҳад.
Тайи як соли ахир мақомоти Амрико дар марз бо Мексика ба миқдори рекордии 1 миллиону 700 ҳазор нафарро боздошт кардаанд. Дар ин замина Мария Захарова қайд кард, ки шарикони амрикоӣ бешубҳа "доранд коре, ки бояд машғул шаванд ".
“СА”