Хабари рӯз

 

Хабарнигори “Салом Амрико” бо яке аз муассисони ширкати “TOJTECH” Рустами Маҷид суҳбат орост, то ба шумо дар хусуси оғози давраи нави омӯзишӣ дар мактаби фанновариҳои иттилоотии ин ширкат маълумоти бештар бидиҳад.

Бояд гуфт, ки боз шудани ин мактаб аз ҷониби ҳамватанони мо боз як имконияти дигари рушд барои тоҷикони муқими Амрико маҳсуб мешавад. Ширкати “TOJTECH” давраи нави омӯзиши фанновариҳои иттилоотиро барои шомил шудан ба ҳайси мутахассиси IT дар ширкатҳои амрикоӣ пешниҳод мекунад. Муассисони ширкати “TOJTECH” бевосита таҷрибаи худро ба дигарон меомӯзонанд. Ба ҳамватанони муқими Амрико барои шомилшавӣ ба давраҳои омӯзишӣ бартарӣ дода шуда, тахфифи бузург эълон гардидааст! Шитобед, то бо такмили малакаҳои техникии худ ба ширкатҳои амрикоӣ роҳ пайдо кунед. Дар муддати ҳамагӣ чанд моҳ ва бо маблағи андак “TOJTECH” шуморо ҳамчун мутахассис омода ва ба бозори кори Амрико равона месозад. Таъмини ҷойи кори хуб ва маоши баланд пас аз хатми давраи омӯзишӣ кафолат дода мешавад. Лоиҳаи “Салом Амрико” дар ҳамкорӣ бо ширкати “TOJTECH” шуморо ба омӯзиши фанновариҳои иттилоотӣ ва машғул шудан ба кори беҳтар даъват мекунад. Барои сабти ном дар давраи омӯзишӣ метавонед ба суроғаи зер муроҷиат намоед: https://us02web.zoom.us/webinar/regis...​ Рӯзи шиносоӣ 14 ноябри соли 2020 тавассути барномаи Zoom сурат мегирад. Даст ба дасти ҳам барои рушди ҳамватанон мусоидат хоҳем кард. “Салом Амрико” – сарчашмаи иттилоъ ва иттиҳоди тоҷикони Амрико. Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи www.tojtech.com пайдо намоед.


Матолиби дигарро хонед

Галереяи аксҳо