Хабари рӯз

 

Олимони ду донишгоҳи ИМА яъне Принстон ва Вашингтон як камераи хурде сохтанд, ки андозаи он ба донаи намак баробар аст. Натиҷаи таҳия дар маҷаллаи Nature Communications нашр шудааст.

Ҳаҷми сенсори камера танҳо 0,5 мм мебошад. Метасафедаи он аз 1,6 миллион цилиндр дар кунҷи махсус иборат аст. Онҳо нурро ба таври дуруст гирифта ва сипас алгоритмҳо аз ин маълумот ба тасвир мубаддал мегардад.
Сарфи назар аз он, ки сенсори нав назар ба камераи муқаррарӣ ним миллион маротиба хурдтар аст, тасвирҳои гирифтааш аз ҷиҳати сифат бад нестанд ва ҳатто беҳтаранд. Таҳиягарон боварӣ доранд, ки камераи миниётуравӣ дар соҳаҳои гуногун аз робототехника то тиб имкониятҳои навро муҳайё мекунанд.
Пештар мутахассисони амрикоӣ роёнаеро ба мисли варақи коғаз тунук иътироъ карда буданд. Чунин асбобро ба устухони шикаста часпондан мумкин аст ва он ба духтурон хабар медихад, ки кай вақти канда кардани винтхо ва пластикҳо расидааст.

"СА"


Матолиби дигарро хонед

Галереяи аксҳо