Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия дар озмуни имсолаи "Eurovision" (Евровидение), Русияро намояндагӣ хоҳад кард.
Ин озмун қарор аст, моҳи майи имсол дар Ротердам баргузор шавад.
Манижа зодаи Тоҷикистон аст, ки ба навиштаи расонаҳои русӣ дар озмуни имсолаи Eurovision таронаи Russian Woman-ро мехонад.
Манижа Сангин, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад на танҳо бо овозхонӣ, балки бо фаъолиятҳои иҷтимоияш ҳам маъруф аст. Аз ҷумла ӯ солҳои ахир ба мавзуъи муҳоҷирону паноҳандагон бештар мепардозад ва ҳатто ин мавзуъ ба матни сурудҳояш низ раҳ ёфтааст.
Соли гузашта ӯ нахустин касе аз Русия буд, ки Сафири ҳусни нияти СММ шуд, то ин вақт СММ аз Русия ин сафирони ҷамъиятиро надошт.
Ӯ дар як мусоҳиба бо "Коммерсантъ" гуфта буд, ки баъди ин масъулияти иҷтимоиро ба дӯш гирифтан бо кӯдакону паноҳандагони зиёде диду боздид кардаву аз рӯзгори онҳо огоҳ шудааст. Ӯ дар ин мусоҳиба аз мушкилоти паноҳангони Афғонистон, муҳоҷирини тоҷик, фарзандони онҳо дар Русия ёдовар шуда буд.
Манижа Сангин 30 сол дорад ва барои овозхонӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоияш дар расонаҳиои Русия тез-тез пайдо мешавад.
Манбаъ: Азия Плюс