Хабари рӯз

 

Тамрини Манижа, ки имсол дар "Евровидение-2021" аз Русия намояндагӣ менамояд, ба поён расид.

Ӯ рӯзи 7 май  ба Роттердам рафт. Тибқи нақша Манижаро ҳайати махсус ҳамроҳӣ намекунад. Танҳо як гурӯҳи наворбардорони канали марказӣ дар пахши мустақим ширкат хоҳанд намуд.

Аз суханони намояндагони овозхон маълум шуд, ки Андрей Сычев, директори версияи консертии Russian Woman дар Роттердам Манижаро роҳнамоӣ менамояд.Ҳунарнамоии ӯ рӯзи 18 май дар нимфинали аввал пешбинӣ шудааст. Вай таҳти рақами се ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Нимфинали дуввум рӯзи 20 уми май баргузор мегардад. 

"СА"

 

 


Матолиби дигарро хонед

Галереяи аксҳо