Хабари рӯз

 

Бадахшон

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сарзамине 64,2 ҳазор км² дар кӯҳсори Помир ҷойгир аст ва 44,5 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. 97 дарсад аз сарзамини ВМКБ кӯҳсор аст ва баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон — қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 м), қуллаи Истиқлол (7134 м), қуллаи Корженевский (7105 м), дар ин вилоят ҷой доранд. Аз ин рӯ Бадахшон-ро Боми Ҷаҳон низ меноманд. Дар Помир пиряхҳои калонтарини Осиёи Марказӣ: Пиряхи Федченко (масоҳат 651,7 км², дарозӣ 77 км.), Грумм-Гржимайло (масоҳат 142.9 км².), Гармо (114,6 км².) ва диг, ҳастанд, ки саргаҳи рӯдҳои Панҷ, Ғунд, Бартанг, Шоҳдара, Язғулом, Ванҷ мебошанд.
ВМКБ дар шимол бо Қирғизистон, дар шарқ бо Чин, дар ҷануб ва ғарб бо Афғонистон ҳаммарз аст.


Матолиби дигарро хонед

Галереяи аксҳо