Хабари рӯз

 

Шумо тирамоҳи соли гузашта лотереяи “Грин корт”-ро пур кардеду умедворед, ки бурд хоҳед кард, вале зери дил аз номаълум будани натиҷааш нигарон ҳастед? Пас аз ин метавонед осуда бошед, зеро расо пас аз  1 моҳу ...анд рӯз шумо метавонед бевосита худатон аз натиҷаи лотерӣ огоҳӣ пайдо кунед. Чӣ гуна? Ҳоло ба шумо мефаҳмонем.

Тибқи иттилои сомонаи Депортменти давлатии ИМА аз 8-уми майи соли равон то 30-юми сентябри соли соли 2022 дорандагони лотерӣ метавонанд натоиҷи дархостҳояшонро санҷанд. Барои ин кор шуморо зарур аст, ки танҳо ба сомонаи https://dvprogram.state.gov/ ворид шудаву тугмачаи “Check Status”-ро пахш кунед. Ва сипас рақами лоторӣ, ному насаб ва санаи таваллуди худро ворид мекунеду халос.

Агар дар саҳфаи кушода шуда номаеро бо штрих код ва маълумоти шахсиатон бубинед, пас метавонед, шодикунон дод занед. Шумо бурд кардед!

Дар ҳолати ғайр ноумед нашавед, зеро боз имкониятҳои зиёде шуморо дар пеш интизоранд.

Ин ягона роҳи муайян кардани натиҷаи “Грин корт” аст. Ба умеди дастрас кардани нома ё посухе аз ҷониби масъулин нашавед, зеро касе ба шумо чизе равон намекунад.

Агар бахт ба рӯятон хандидаву зимни санҷиш посухи мусбат гирифта худро дар он сӯйи уқёнус тасаввур карда бошед, пас шуморо табрик мегӯему шодишарикем. Вале бо ин кор тамом намешавад ва шумо бояд чанд давраи дигарро паси сар кунед то ба кишвари орзуҳои худ расед. Маводи навбатии моро дар инҷо бихонед то қадамҳои минбаъдаи худро дуруст гузоштаву зудтар ба ИМА расед. “Салом Амрико” дар хидмати шумост!

 

 


Матолиби дигарро хонед

Галереяи аксҳо