Айни ҳол, сайёҳон аз тамоми ҷаҳон ба Аляска меоянд ва мехоҳанд табиати дастнорасро бо тамоми зебоияш бубинанд.
Мувофиқи маълумоти Ассотсиатсияи сайёҳии Аляска дар моҳҳои июн ва сентябри соли 2016 шумораи сайёҳони хориҷӣ ба истиснои Канада ба 167 ҳазор нафар афзоиш ёфта буд. Ин нисбат ба соли 2011, 13 ҳазор зиёдтар аст. Зеро дар ин фасли сол рӯз дарозтар ва офтоб бештар аст ба Аляска сафар мекунанд. 21 июн дар Анкориҷ рӯзи тӯлонӣ 19 соат ва дар Фэрбенкс бошад 22 соат мебошад.
38 фоизи сайёҳон ба Аляска аз Аврупо меоянд аммо ба гуфтаи ассотсиатсия шумораи сайёҳон аз Чин, Ҳиндустон, Австралия ва Зеландияи Нав низ меафзояд.
Онҳоро чорабиниҳои ҷолиб ва манзараҳои зебое, ки дар ин ҷо рух медиҳанд ба худ ҷалб мекунанд.
Истироҳат
Сайёҳон метавонанд аз ҳашт боғи миллии Аляска, лижаронӣ ва кӯҳҳову пиряхҳо дидан намояд. Дигар намудҳои машҳури сайёҳат аз заврақронӣ, кӯҳнавардӣ ва фатҳи пиряхҳо иборатанд. Сайёҳон инчунин барои моҳидорӣ меоянд.
Ҳайвонҳои ваҳшӣ
Аляска яке аз минтақаҳои мувофиқ барои тамошои ҳайвоноти ваҳшӣ мебошад. Агар шумо дар яке аз манзилҳои шикорӣ бимонед, на танҳо аз хомӯшӣ лаззат мебаред балки “сокинон”и ҷангалҳои маҳаллиро низ мушоҳида мекунед.
“Чароғҳои шимолӣ”
Аз нимаи сентябр то охири апрел сайёҳон ба Аляска барои дидани аҷоиботи Арктика яъне Чароғҳои Шимолӣ меоянд. Дар шаби софу беғубор инъикоси чашмраси рақси ситорагон дар осмони пурситора бо рангҳои сабз, кабуд, сурх, арғувон хотирмон аст. Ин зебоӣ дар қабати болоии атмосфера ҳангоми бархӯрдани зарраҳои офтобӣ бо зарраҳои газ ба вуҷуд меоянд.
“СА”