Хабари рӯз

 

Хабаргузории Travel + Leisure гузориш медиҳад, ки шабакаи “The Old Farmer’s Almanac” яке аз тӯлонтарин ва хунуктарин зимистонҳои солҳои охирро пешгӯӣ кардааст.

Китобчаи пешгӯии обу ҳаво 80% дақиқ барои 230 сол ба ҳисоб меравад.
Шабакаи “The Old Farmer’s Almanac” " пешгӯиҳои расмии худро барои зимистон аз соли 2021 то 2022 нашр намуд ва моҳҳои ояндаро "мавсими ларзиш" номид.
Муҳаррир Ҷенис Стилман дар изҳорот гуфтааст: "Зимистони имсола метавонад яке аз тӯлонитарин ва сардтарин зимистонҳо бошад, ки мо дар солҳои охир надидаем."
Дар шабакаи “The Old Farmer’s Almanac” гуфта мешавад, ки дар қисми зиёди кишвар зимистонҳои «ҳарорати яхкунӣ аз миёна баландтар» хоҳад шуд.
Барф як қисми муҳими обу ҳавои зимистон барои бисёр ҷойҳо аз ҷумла, минтақаҳои Миёнаи Ғарб ва қисматҳои шимолу шарқ аз Мэриленд то Массачусетс хоҳад буд.
Аз шарқу ҷануби Монтана то ғарби Дакота ва шимолу шарқи Колорадо бориши барф аз ҳисоби миёна болотар хоҳад буд.
Дигар қисматҳои марказии ИМА ҳарорати мӯътадил хоҳад дошт аммо барфи бештар, аз ҷумла чанд тӯфон ба назар гирифта шудааст.
Ягона минтақае, ки аз сардӣ канорагирӣ мекунад соҳили Ғарбӣ мебошад, ки зимистонҳои "мулоим" ва "хушк" дар ғарби Вашингтон, Орегон, саросари Калифорния, Аризона ва Ню Мехико мебошад.
Ягона давлате, ки зимистони "гарм" дорад Ҳавайӣ мебошад.
Дар сарҳади Канада ин мавсим ба тӯфонҳое тамаркуз хоҳад кард, ки минтақаро " барфпӯш, тар ва умуман намнок" мегузоранд, пешгӯӣ мекунад, альманах.
"Зимистони имсола аз ҷиҳати ҳарорат аҷиб нахоҳад буд, аммо барои дӯстони канадагии мо, ки дар ниҳоят мехоҳанд хушк бошад мавсими воқеан тӯлонӣ хоҳад буд", - илова мекунад Стилман.
Зимистони ҷануби Алберта, Саскачеван ва Манитоба нарм ва намнок хоҳад буд.
Дар дурдасттарин гӯшаи ҷанубу шарқии кишвар ҳарорат муқаррарӣ хоҳад монд.
Ҳарчанд дастурҳои гуногун бо пешгӯиҳои худ мавҷуданд шабакаи “The Old Farmer’s Almanac” тӯли 230 сол аст, ки фаъолият мекунад ва иддао дорад, ки 80% пешгӯияшон дақиқ мебошад.
Пешгӯиҳо бо омезиши илми офтоб, обу ҳаво ва метеорология муайян карда мешаванд.
Аммо ба ҷуз пешгӯии обу ҳаво дар нашри соли 2022 инчунин маслиҳатҳои боғдорӣ, рецептҳои мавсимӣ, ҳикояҳои хурди кишоварзӣ, илми ҳайвонот ва чӣ гуна пайдо кардани макони беҳтарини моҳидориро дар бар мегирад.


“СА”

 


Матолиби дигарро хонед

Галереяи аксҳо