Хабари рӯз

 

Сергей Лавров, раиси вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, Амрико аз ҳар тараф Русияро бо пойгоҳҳои низомӣ иҳота намудааст.

Вазир инчунин қайд кард, ки ҷониби Амрико дар робита ба вазъ дар наздикии марзҳои Русия қудрати низомиро боло мебарад.
Ҳамчунин иқтибос меорад, ки Иёлоти Муттаҳида моро аз ҳар тараф бо пойгоҳҳои низомии худ иҳота кардааст. Шояд аллакай далеле бошад, ки ҳар як мактаббача медонад ва бо вуҷуди ин, ин қудрат пайваста боло бурда мешавад.
Вазири корҳои хориҷии Русия дар ин бора зимни суханронии худ дар назди иштирокчиёни барномаи солонаи илмию таълимии Бунёди дастгирии дипломатияи ҷамъиятии А.М.Горчаков «Гуфтугӯ барои оянда» изҳор кардааст.
Қаблан Константин Гаврилов, раиси ҳайати Русия дар музокироти Вена оид ба амнияти низомӣ ва назорати аслиҳа гуфта буд, ки ягон далели тамаркузи нирӯҳои Русия дар марз бо Украина вуҷуд надорад.
Котиби матбуотии президенти Русия, Дмитрий Песков низ гуфтааст, ки Русия ба касе ҳамла карданӣ нест.

"СА"


Матолиби дигарро хонед

Галереяи аксҳо