Тибқи маълумоти мақомоти Амрико, дар иёлати Кентукки бар асари тӯфон дастикам 100 нафар кушта шудаанд.
Губернатори иёлот, Энди Бешир аллакай изҳор дошт, ки силсилаи тундбодҳо харобиовартарин дар таърихи Кентуккӣ будааст.
Ӯ дар як нишасти матбуотӣ ба CNN гуфт, ки "Ин харобкорӣ ба чизе монанд нест, ки ман дар ҳаёти худ дидаам ва баён кардани он барои ман душвор аст" .
Губернатор миқёси ҳодисаро арзёбӣ карда, эҳтимоли онро қайд намуд, ки "дар Кентукки беш аз 100 нафар кушта шудаанд". 189 нафар аз Гвардияи Миллӣ барои кӯмак дар ҷустуҷӯи талафот ва барқарорсозии онҳо ҷалб карда шудаанд.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, тӯфонҳоеро, ки дар як қатор иёлотҳо зарба заданд, бузургтарин дар таърих номид. Сиёсатмадор ҳамчунин таъкид кард, ки бо дархости волиён омода аст эъломияи вазъияти изтирорӣ дар чанд минтақаро тасвиб кунад.
Ӯ дастур додааст, ки дар манотиқи осебдида хадамоти изтирорӣ ва наҷотбахшӣ сафарбар карда, ёрӣ ва интиқоли колоҳои зарурӣ роҳандозӣ шавад.
Маълум шуд, ки бар асари тӯфон ба хонаи пиронсолон дар шаҳри Монеттаи Амрико (Арканзас) дастикам ду нафар кушта шудаанд. Ба навиштаи расонаҳо, панҷ нафар тавонистаанд аз бинои фарсуда берун шаванд. Айни оиди ин фоҷеа дигар хабаре нашр нашудааст. Дар ҳамин ҳол, мумкин аст, 20 тани дигар зери харобаҳо бошанд.
"СА"