Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА омода аст бо маъмурияти президенти ИМА ва муттаҳидони НАТО дар мавриди ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Маскав бо далели авзоъ дар марз бо Украина ҳамкорӣ намояд. Изҳороти дахлдор рӯзи якшанбеи 12 декабр аз ҷониби конгрессменҳо Грегори Микс ва Майкл Макколл пешниҳод шудааст.
"Мо омодаем бо маъмурият ва иттифоқчиёни худ барои ҷилавгирӣ аз таҷовузи минбаъдаи Русия алайҳи Украина таҳримҳои ҷидди нав ҷорӣ намоем".
Ба эътиқоди вакилони порлумон, "суверенитет ва тамомияти арзии Украина дар Конгресси ИМА аз пуштибонии собити аҳзоби демократӣ ва ҷумҳурихоҳон бархурдор аст" ва Вашингтон набояд "ба зиёни Украина ва мавқеъҳои НАТО дар сарҳади шарқӣ гузашт кунад."
Пештар аз ин маълум шуд, ки Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Русия, ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия итминон додааст, ки Амрико омода аст, алайҳи Русия, "аз ин пеш худдорӣ мекард," тадобири ҷавобӣ андешад. Ба гуфтаи Блинкен, чораҳои андешидашуда метавонанд барои Русия паёмадҳои бузург дошта бошанд. Дар ҳамин ҳол, котиби давлатӣ ҳеҷ далели рафтори гӯё таҷовузкоронаи Маскав нисбати Киевро пешниҳод накардааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, дар навбати худ, изҳороти Путин ба раисҷумҳури ИМА Байденро эълон намуд, ки аз ҷониби нерӯҳои Русия ба касе таҳдиде нест. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Песков, раиси ҷумҳури Амрико дар сӯҳбат бо Путин таъкид намудааст, ки дар сурати ҳамлаи воқеии нерӯҳои Русия ба Украина, кишвар аз лиҳози молӣ бунбаст мешавад.
Рӯзи якшанбе Гурӯҳи ҳафтгона (G7) Русияро ҳушдор доданд, ки ҳамлаи эҳтимолӣ ба Украина паёмадҳои ҷиддие хоҳад дошт ва баҳои сангине пардохт хоҳад кард.
Мақолаҳо дар бораи ҳамлаи эҳтимолии Русия дар расонаҳои ғарбӣ борҳо мунташир шудаанд. Аз ҷумла, рӯзи 19 ноябр рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" навишт, ки маъмурияти ИМА иттифоқчиёнро аз нақшаҳои эҳтимолии ҳамлаи Федератсияи Русия ба қаламрави Украина ҳушдор дода ва хостааст, ки чораҳои нави зидди Русия омода шаванд.
"СА"