Хабари рӯз

 

Шӯрои Амнияти СММ қатъномаеро дар бораи "хориҷ кардани кӯмаки башардӯстона" аз режими таҳримот алайҳи Толибон (ташкилоти террористӣ) қабул кард, хабар медиҳад сомонаи СММ.

Аз ҷумла, аъзои Шӯрои Амният тасмим гирифтанд, ки ироаи маблағ барои кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон нақзи тақозо дар мавриди мунҷамид сохтани тамоми дороиҳои Толибон нест.
"Шӯрои Амният тасмим гирифтааст, ки кумакҳои башардӯстона ва дигар фаъолиятҳое, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои аслии аҳолии Афғонистон нигаронида шудаанд, ба банди 1(а)-и қатъномаи 2255 (2015) мухолифат намекунанд...", — гуфта мешавад дар қатъномаи қабулшуда.
Сарпарастони он ба коркард ва азхудкунии маблағҳо, инчунин озод кардани дороиҳо ё захираҳои иқтисодӣ, ки барои таъмини саривақтии расонидани кӯмакҳои башардӯстона дар Афғонистон ё дастгирии чунин фаъолиятҳо заруранд, иҷозат доданд.
Муовини дабири кулли СММ дар умури башардӯстона, ҳамоҳангсози кумакҳои изтирорӣ, Мартин Гриффитс аз қатъномаи Шӯрои Амният дар бораи озод кардани кумакҳои башардӯстона аз режими таҳримҳои СММ алайҳи Афғонистон истиқбол намуд.

"Ин тасмими муҳим имкон медиҳад, ки иқдомоти фаврии башардӯстона барои наҷоти ҷони ва воситаҳои зиндагӣ дар Афғонистонро фароҳам оварад. Ин гувоҳи он аст, ки кишварҳои узвиятдошта сатҳи такондиҳандаи ниёзмандӣ ва ранҷу азобро дар ин кишварро то чӣ андоза ҷиддӣ қабул мекунанд", гуфт Грифитс.

Сомонаи Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон ҳудуди 160 созмони башардӯстонаи миллӣ ва байналмилалӣ фаъолият доранд, ки ба аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва кумакҳои тиббӣ кумак мекунанд, аз рушди кишоварзӣ ҳимоят ва дар бунёди маориф, обтаъминкунӣ ва беҳдошт мусоидат менамоянд.
Муовини дабири кулли СММ таъкид кард, "мо бояд ба таври фаврӣ ин корро вусъат диҳем. Дар соли 2022 амалиёти башардӯстона дар Афғонистон бузургтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд. Дар чаҳорчӯби он ба ҳудуди 22 миллион нафар кумак расонида мешавад."
Ба гуфтаи ӯ, озодкунии қабулшуда аз низоми таҳримӣ бо ҳадафҳои башардӯстона ба созмонҳо имкон медиҳад, ки корҳои пешбинишударо иҷро намоянд ва ба ниҳодҳои молӣ ва тиҷоратӣ дар робита ба ҳамкории онҳо бо сарпарастони кумакҳои башардӯстона дар Афғонистон кафолатҳои ҳуқуқӣ фароҳам оранд.

Намояндаи СММ гуфт, "Афғонистонро роҳи душвор дар пеш аст. Таъсири кумакҳои мо, аз ҷумла, ба ҳамкории мақомоти де-фактои ин кишвар ва тарҳи маблағгузорӣ вобаста аст."

Вай ҳамчунин даъват намуд, ки барои ҳифзи ҷони афғонҳо ва таъмини ояндаи шоистаи ҳамаи сокинони ин кишвар ҳама корҳо анҷом дода шаванд.


"СА"


Матолиби дигарро хонед

Галереяи аксҳо