Хабари рӯз

 

Нашрия мушаххас накардааст, ки дар бораи чанд адад ҳавопаймои ҷангӣ баҳс шудааст.

НЬЮ-ЙОРК, 6 март. Лаҳистон бар ивази ҳавопаймоҳои F-16-и ИМА ба Украина  МиГ-29 ва Су-25 медиҳад. Дар ин бора рӯзи шанбе рӯзномаи The Wall Street Journal бо такя ба манобеъи маъмурияти Амрико хабар дод.

Нашрия таъкид мекунад, ки раисиҷумҳури Украина, Владимир Зеленский рӯзи шанбе ба аъзои Конгресси ИМА муроҷиат карда, хостори мусоидат ба интиқоли ҳавопаймоҳои низомӣ ба Украина шудааст. Ба гуфтаи манобеъи The Wall Street Journal, Иёлоти Муттаҳида шароитеро баррасӣ мекунад, ки дар он Лаҳистон ба Киев миқдори муайяни ҳавопаймоҳои МиГ-29 ва Су-25 медиҳад ва Иёлоти Муттаҳида ҷангандаҳои худро ба Варшава интиқол медиҳад.

Нашрия қайд мекунад, ки созишномаи пешниҳодшуда дар байни ИМА ва шариконаш дар НАТО муҳокима карда мешавад. Чунин мубодилаи таҷҳизот бояд аз тарафи роҳбарияти Вашингтон ва ҳам дар Варшава маъқул дониста шавад, қайд мекунад нашрияи «Уолл Стрит Жорнал».

Қаблан Зеленский аз НАТО дархост карда буд, ки дар фазои Украина минтақаи мамнӯъро ҷорӣ намоянд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбе Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ҳушдор дод, ки Русия ҳама гуна талоши кишварҳои дигар барои таъсиси минтақаи мамнӯъ дар фазои Украинаро ҳамчун ширкат дар амалиёти ҷангӣ арзёбӣ хоҳад намуд, ки барои тамоми ҷаҳон паёмадҳои фалокатбор доранд. Намояндагони Иёлоти Муттаҳида ва НАТО қаблан қайд карда буданд, ки ҷорӣ намудани минтақаи мамнӯъ дар болои Украина таҳдиди ҷанг бо Русияро дорад.

Рӯзи 24 феврал, раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар посух ба муроҷиати раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ва Луҳанск барои кумак аз амалиёти вижаи низомӣ хабар дод. Ӯ таъкид намуд, ки нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд, ҳадаф аз демилитаризатсия ва денификатсияи кишвар аст. Тавре дар вазорати дифои Русия гуфтаанд, артиши Русия ба шаҳрҳо зарба намезанад, балки танҳо зербиноҳои низомиро аз кор мебарорад, аз ин рӯ, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.

"СА"


Матолиби дигарро хонед

Галереяи аксҳо